ФАРЗАНДОНИ ҚУБОДИЁН ТЕАТРИ ШАҲРИ ХОРУҒРО МЕСОЗАНД
Бадахшон, 14 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ азнавсозӣ мегардад. Кор дар ин ҷо охири тобистони соли 2008 оғоз гардида, то саршавии сармо идома дошт. Соли ҷорӣ рафти сохтмонро сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва муовини аввали сарвазири кишвар Асадулло Ғуломов дар вақти сафари хеш ба Бадахшон мавриди баррасӣ қарор доданд. Қайд карда шуд, ки рафти сохтмон хуб аст. 35 нафар бинокорон, ки ағлабашон аз ноҳияи Қубониёнанд, ин ҷо кор мекунанд. Сарвари бинокорон Саидмухтор Наҷмиддинов иттилоъ дод, ки кӯшиш менамоем иншоотро то ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати соли 2010 мавриди истифода қарор диҳем.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






