ФОЛБИН КОРМАНДИ МИЛИТСИЯРО БА ҶАЗО КАШИД
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ қонун дар бораи ба ҷавообгарӣ кашидани ашхоси ба фолбинӣ машғул қабул гардид. Барои амалӣ шудани қонуни мазкур, корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ лейтенанти милитсия Давлат Саидов объекти ҷиноят — сокини шаҳри Душанбе Мурод Истамовро пайдо карда, барои дар ҷои воқеа дастгир шудани он нақша тартиб дод. Ҳангоми гузаронидани амалиёт фолбин дастгир шуд ва ӯро кормандони милитсия ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ оварданд. Корманди милитсия Давлат Саидов барои аз ҷавобгарӣ озод намудани фолбин аз ӯ 1000 доллари амрикоӣ талаб намуд. Фолбини дастгиршуда нисбати амали кормандони ноҳияи Фирдавсӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ариза муроҷиат намуд. Рӯзи 20 — уми августи соли ҷорӣ корманди шӯъбаи мазкур Давлат Саидов ҳангоми гирифтани пора аз фолбин Мурод Истамов аз ҷониби кормандони Агентии мазкур дастгир шуд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






