ХАТМИ НАВБАТИИ МАКТАБИ ЗАХИРАИ КАДРҲО
Хуҷанд, 18 август. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — 15 август гурӯҳи навбатии шунавандагон Мактаби захираи кадрҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро хатм карданд. Роҳбари мактаб, сардори Дастгоҳи раиси вилоят Абдуҷамил Сатторов ба 29 нафар хатмкунандаи мактаби мазкур шаҳодатнома супорид. Шунавандагон дар давоми шаш моҳ дар ин ҷо асосҳои истифодаи компютер, фалсафа, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, иқтисодиёт ва ғайраро омӯхтанд. Зимни машғулиятҳо ба роҳу усулҳои тараққӣ додани соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт, таҷрибаи пешқадам ва ҳалли проблемаҳои муҳимтарини истеҳсолӣ диққати махсус дода шуд. Донистани ҳамаи ин ба роҳбарони оянда ниҳоят зарур мебошад. Дар оянда бояд истиқлолияти пурраи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон таъмин карда шавад. Дар ин бобат мутахассисони варзида ва роҳбарони кордон нақши муҳим мебозанд. Ҳадафи Мактаби захираи кадрҳо низ тайёр кардани чунин мутахассисон ва роҳбарон мебошад. Шунавандагони мактаб дар давоми шаш моҳи таҳсил қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои соҳавиро омӯхтанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Мактаби захираи кадрҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз соли 1997 инҷониб фаъолият дорад. Дар давоми 12 сол мактаби мазкурро бештар аз 300 нафар мутахассиси ҷавони соҳаҳои гуногун хатм намуд. Ин дафъа дар мактаб асосан мудирони мактабҳои миёна, мудирони шӯъбаҳои муассисаҳои тиббӣ, раисон ва кормандони ҷамоатҳо, сармуҳаррирони рӯзномаю маҷаллаҳо ва ғайра таҳсил намуданд, гуфт дар хотима Абдуҷамил Сатторов. Тарҷумон — Қудратов А.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






