ХАТМИ НАВБАТИИ МАКТАБИ ЗАХИРАИ КАДРҲО

Август 18, 2009 11:20

                  Хуҷанд, 18 август. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — 15 август гурӯҳи навбатии шунавандагон Мактаби захираи кадрҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро хатм карданд. Роҳбари мактаб, сардори Дастгоҳи раиси вилоят Абдуҷамил Сатторов ба 29 нафар хатмкунандаи мактаби мазкур шаҳодатнома супорид.                   Шунавандагон дар давоми шаш моҳ дар ин ҷо асосҳои истифодаи компютер, фалсафа, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, иқтисодиёт ва ғайраро омӯхтанд. Зимни машғулиятҳо ба роҳу усулҳои тараққӣ додани соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт, таҷрибаи пешқадам ва ҳалли проблемаҳои муҳимтарини истеҳсолӣ диққати махсус дода шуд.  Донистани ҳамаи ин ба роҳбарони оянда ниҳоят зарур мебошад. Дар оянда бояд истиқлолияти пурраи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон таъмин карда шавад. Дар ин бобат мутахассисони варзида ва роҳбарони кордон нақши муҳим мебозанд. Ҳадафи Мактаби захираи кадрҳо низ тайёр кардани чунин мутахассисон ва роҳбарон мебошад.  Шунавандагони мактаб дар давоми шаш моҳи таҳсил қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои соҳавиро омӯхтанд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Мактаби захираи кадрҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз соли 1997 инҷониб фаъолият дорад. Дар давоми 12 сол мактаби мазкурро бештар аз 300 нафар мутахассиси ҷавони соҳаҳои гуногун хатм намуд. Ин дафъа дар мактаб асосан мудирони мактабҳои миёна, мудирони шӯъбаҳои муассисаҳои тиббӣ, раисон ва кормандони ҷамоатҳо, сармуҳаррирони рӯзномаю маҷаллаҳо ва ғайра таҳсил намуданд, гуфт дар хотима Абдуҷамил Сатторов. Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 18, 2009 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид