ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН

Август 20, 2009 09:51

                    Кобул, 20 август. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Имрӯз дар Афғонистон интихоботи нави президентӣ баргузор мегардад. Дар он 31 нафар номзади мансаби президент иштирок мекунанд. Интихобкунандагон бояд аз байни онҳо номзади арзандаро интихоб кунанд. Вале, ба қавли коршиносон, имконияти пирӯз гардидани Ҳомид Карзай нисбат ба ҳарифонаш хеле бештар мебошад. Маълум аст, ки аксарияти пешвоёни қабилаҳои Афғонистон, маъмурияти Амрико ва ҷомеаи ҷаҳон Ҳомид Карзайро ҷонибдорӣ намекунанд. Вале кӯшиши аз сари ҳокимият дур кардани ӯ Афғонистонро бори дигар ба вартаи ҳараҷу мараҷ, беҳокимиятӣ ва ҷангу хунрезӣ мувоҷеҳ сохта метавонад. Дар натиҷа, бешубҳа ҷунбиши «Толибон» ба сари ҳокимият хоҳад омад.                   Рақиби асосии Ҳ.Карзай дар интихобот вазири собиқи корҳои хориҷии мамлакат Абдуллои Абдулло мебошад. Абдулло яке аз ҳамсафони Аҳмадшоҳи Масъуд мебошад, ки соли 2001 кушта шуда буд. Аҳмадшоҳи Масъуд имрӯз ҳам дар байни тоҷикони Афғонистон шӯҳрати калон дорад. Вале коршиноси Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Маскав Сергей Демиденко ба ғалабаи Абдуллои Абдулло шубҳа дорад. Вай зикр намуд, ки модари Абдулло тоҷик ва падари ӯ паштун мебошанд. Номзадии Абдуллоро Ҷабҳаи миллии муттаҳидаи Афғонистон пешбарӣ намудааст. Ҷабҳаи мазкур муҷоҳидонеро муттаҳид месозад, ки дар давоми чор соли дар сари ҳокимият қарор доштанашон Афғонистонро ба чоҳи бетаги ҳараҷу мараҷ, беқонунӣ ва хурофотпарастӣ тела дода буданд. Аҳолии мамлакат аз ҷабру зулми онҳо ба дод омада, соли 1996 намояндагони ҷунбиши «Толибон» — ро истиқбол гирифт. Маълум аст, ки ҳеҷ кас такрор шудани чунин вазъиятро намехоҳад.                   Ба қавли С. Демиденко, Ҳ.Карзай дар даври аввали интихобот ғалаба хоҳад кард. Зеро дар шароити имрӯза номзади дигаре нест, ки Ҳ. Карзайро иваз карда тавонад.                  Ҳ.Карзай бояд барои таъмини ғалабааш дар интихобот камаш 50 фоизи овози интихобкунандагонро ба даст орад.                                                                                                       Тарҷумон — Қудратов А.    

Август 20, 2009 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд