ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН
Кобул, 20 август. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Имрӯз дар Афғонистон интихоботи нави президентӣ баргузор мегардад. Дар он 31 нафар номзади мансаби президент иштирок мекунанд. Интихобкунандагон бояд аз байни онҳо номзади арзандаро интихоб кунанд. Вале, ба қавли коршиносон, имконияти пирӯз гардидани Ҳомид Карзай нисбат ба ҳарифонаш хеле бештар мебошад. Маълум аст, ки аксарияти пешвоёни қабилаҳои Афғонистон, маъмурияти Амрико ва ҷомеаи ҷаҳон Ҳомид Карзайро ҷонибдорӣ намекунанд. Вале кӯшиши аз сари ҳокимият дур кардани ӯ Афғонистонро бори дигар ба вартаи ҳараҷу мараҷ, беҳокимиятӣ ва ҷангу хунрезӣ мувоҷеҳ сохта метавонад. Дар натиҷа, бешубҳа ҷунбиши «Толибон» ба сари ҳокимият хоҳад омад. Рақиби асосии Ҳ.Карзай дар интихобот вазири собиқи корҳои хориҷии мамлакат Абдуллои Абдулло мебошад. Абдулло яке аз ҳамсафони Аҳмадшоҳи Масъуд мебошад, ки соли 2001 кушта шуда буд. Аҳмадшоҳи Масъуд имрӯз ҳам дар байни тоҷикони Афғонистон шӯҳрати калон дорад. Вале коршиноси Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Маскав Сергей Демиденко ба ғалабаи Абдуллои Абдулло шубҳа дорад. Вай зикр намуд, ки модари Абдулло тоҷик ва падари ӯ паштун мебошанд. Номзадии Абдуллоро Ҷабҳаи миллии муттаҳидаи Афғонистон пешбарӣ намудааст. Ҷабҳаи мазкур муҷоҳидонеро муттаҳид месозад, ки дар давоми чор соли дар сари ҳокимият қарор доштанашон Афғонистонро ба чоҳи бетаги ҳараҷу мараҷ, беқонунӣ ва хурофотпарастӣ тела дода буданд. Аҳолии мамлакат аз ҷабру зулми онҳо ба дод омада, соли 1996 намояндагони ҷунбиши «Толибон» — ро истиқбол гирифт. Маълум аст, ки ҳеҷ кас такрор шудани чунин вазъиятро намехоҳад. Ба қавли С. Демиденко, Ҳ.Карзай дар даври аввали интихобот ғалаба хоҳад кард. Зеро дар шароити имрӯза номзади дигаре нест, ки Ҳ. Карзайро иваз карда тавонад. Ҳ.Карзай бояд барои таъмини ғалабааш дар интихобот камаш 50 фоизи овози интихобкунандагонро ба даст орад. Тарҷумон — Қудратов А.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






