ИЗҲОРОТИ НАВБАТИИ СОЗМОНҲОИ ЖУРНАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

Август 18, 2009 12:00

                    Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Иттиҳоди миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон ва созмони «Медиа Алянс» — и Тоҷикистон чунин изҳор менамоянд, ки боздоштани фаъолияти радиои мустақили «Имрӯз» ғайри қобили қабул мебошад.                     Созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар изҳороти худ таъкид мекунанд, ки новобаста ба сабабҳои қабули чунин қарор, иқдоми мазкур аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун маҳдуд намудани озодии воситаҳои ахбори оммавӣ баррасӣ намуда, ба шӯҳрат ва обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад расонд.                   Бояд гуфт, ки барномаҳои радиои «Имрӯз» дар аксари вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат садо медиҳанд. Радиои мазкур, илова бар ин дар давоми ду соли фаъолияташ ба туфайли ба роҳ андохтани муносибати нав ба эҷоди барномаҳо, сари вақт инъикос намудани рӯйдодҳои ҳаёти ҷумҳурӣ ва риояи принсипи гуногунандешӣ дар байни аҳолӣ шӯҳрати калон пайдо кардааст.                    Аз охири моҳи июли соли равон сар карда, дар бобати паҳн намудани мавҷҳои радио душвории нав ба миён омад ва фаъолияти радиои «Имрӯз» аз 11 август пурра боздошта шуд.                   Кормандони масъули «Телерадиоком» ин проблемаро бо сабабҳои техникӣ вобаста мешуморанд, вале роҳбарияти радиои «Имрӯз» даъвоҳои онҳоро беасос мешуморад. Қайд карда мешавад, ки ҳадафи асосии ин иқдом эҷод кардани монеа ба фаъолияти радио мебошаду халос.                   Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҷавоби саволи мухбири АМИТ «Ховар» қазияи бо радиои «Имрӯз» рухдодаро шарҳ дода, зикр намуданд, ки антенаи пахшкунндаи мавҷҳои радиои «Имрӯз» дар теппаи Гусхори ноҳияи Варзоб насб карда шудааст. Ба воситаи ҳамин антенна мавҷҳои стансияҳои дигари радиои ҷумҳурӣ низ пахш карда мешаванд. Дар ин ҷо таъкид карданд, ки масъулияти пахши мавҷҳои радиои «Имрӯз» пурра ба зиммаи роҳбарияти он гузошта мешавад. Дар изҳороти созмонҳои журналистӣ омадааст, ки радиои «Имрӯз» дар давоми ду соли фаъолияташ борҳо ба мушкилоти пахши мавҷҳояш рӯ ба рӯ гардида буд. Созмонҳои журналистии мамлакат ҳамаи ҷонибҳоро даъват мекунанд, ки «проблемаи мазкурро дар доираи қонунҳои амалкунандаи мамлакат ҳал намоянд».

Август 18, 2009 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест