КАФЕДРАИ НАВ ДАР ДОНИШГОҲИ СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ

Август 28, 2009 14:25

                    Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз соли таҳсили 2009-2010 дар Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат кафедраи нави идораи давлатӣ ва маҳаллӣ кушода мешавад. Кафедраи мазкур бо дастгирии Фонди Сорос кушода хоҳад шуд. Мудири кафедра доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ғафурҷон Ҷурабоев таъин гардид. Ба қавли ӯ 5 дастури методӣ аз рӯи фанни идораи давлатӣ ва маҳаллӣ ба чоп тайёр аст, ки муаллифи яке аз онҳо худи мудири кафедра мебошад.                  Ғ. Ҷурабоев зикр намуд, ки дар охири моҳи сентябр дар донишгоҳ мизи мудаввар ба нақша гирифта шудааст, ки ба он мутахассисон аз мамлакатҳои ҳамсоя ва намояндагон аз мактабҳои олии ҷумҳурӣ даъват карда шудаанд.                   Имсол 2 ихтисоси нав- «Тиҷорати маъмурӣ дар соҳаи хизматрасонӣ» ва «Менеҷмент» омӯхта мешавад. Айни ҳол дар донишгоҳ 3 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад -қайд кард Ғ. Ҷурабоев.                   Қайд кардан зарур аст, ки барои кушодани кафедраи мазкур Фонди Сорос 22 ҳазор доллари ИМА ҷудо кард.  

Август 28, 2009 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад