КОРОМӮЗИИ РӮЗНОМАНИГОРОН ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 28 август. (АМИТ "Ховар", Сулаймон Холов).-Беш аз 15 нафар ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб тибқи "Лоиҳаи коромӯзӣ оид ба журналистикаи шаҳрвандӣ" аз вижагиҳои касби рӯзноманигорӣ огаҳ шуданд. Ин лоиҳа аз ҷониби нашрияи маҳаллии ҷавонон мавсум ба "Пажвок" амалӣ шудааст. Орзӯ Ҳамидов, муассиси нашрияи "Пажвок" гуфт, ки пас аз созмон додани нашрия эҳсос шуд, ки барои таҳияи мавод ба онҳо рӯзноманигорони касбӣ намерасанд. Аз ин рӯ, бо ҷалби ҷавонони хоҳишманд тасмим гирифтаанд, ин холигиро пур намоянд. Барои таълими ҷавонони маҳаллӣ аз вижагиҳои касби журналистика масъулини "Пажвок" аз устодони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон истифода бурдаанд. Ҳамзамон дар баробари таълим, ки чор моҳ идома дошт, ҷавонон дар нашрияи мазкур таҷрибаи амалӣ гирифтаанд. Феълан ҷавононе, ки ин даври омӯзиширо хатм намудаанд, дар нашрия "Пажвок" ба кор ҷалб шудаанд. "Пажвок" нашрияи маҳаллии ҷавонони шаҳри Кӯлоб буда, ду сол қабл таъсис ёфтааст. Ин нашрия моҳе ду маротиба нашр мешавад ва ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон аст, ки аз замони таъсисёбӣ то кунун мунтазам нашр мегардад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






