МУАЛЛИМОНИ ШОҲМАНСУР БА ҲАМ ОМАДАНД

Август 29, 2009 11:20

                       Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 29 августи соли ҷорӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-и шаҳри Душанбе машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.                      Дар он намояндагони Вазорати маорифи ҶТ, директорону муаллимони мактабҳои миёна, иштирок намуданд.                     Иштирокчиёни машварат оид ба баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи донишу маърифати хонандагон дар партави суханронии Президенти ҶТ ба муносибати «Рӯзи забон» ва вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат суханронӣ намуданд.                     Инчунин, дар он намоиши корҳои эҷодии ғолибони озмунҳои соли 2009 ва намоиши наворҳо оид ба пешравии соҳаи маорифи ноҳия баргузор гардид.  

Август 29, 2009 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад