МУРОФИАИ СУДИИ ОДАМФУРӮШОН
Маскав, 14 август. (АМИТ «Ховар» — Лента. ру). — 13 август дар Суди ҳарбии округи Маскав мурофиаи гурӯҳи калони одамфурӯшон оғоз ёфт. Дар ин ҷо панҷ шаҳрванди Молдавия, 2 шаҳрванди Исроил ва шаш нафар шаҳрванди Русия ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Гунаҳкори асосӣ дар бобати рабудан ва дар мамлакатҳои хориҷӣ фурӯхтани 130 нафар зану духтар полковники раёсати умумии разведкаи Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия Дмитрий Стриканов мебошад. Дар ҷараёни тафтиш муқаррар карда шуд, ки маҳз ҳамин шахс ташкилкунандаи гурӯҳи ҷиноӣ ба шумор меравад. Аъзои гурӯҳ занону духтарони мамлакатҳои ИДМ — Молдавия, Русия, Украина ва Ӯзбекистонро бо роҳи фиреб ва қаллобӣ ба мамлакатҳои Аврупо ва Шарқи наздик бурда, баъд онҳоро ба танфурӯшӣ ва фоҳишагарӣ маҷбур кардаанд. Ҷинояткорон ба занону духтарон ваъда доданд, ки онҳоро дар хориҷа бо кори сердаромад таъмин хоҳанд кард. Фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷинояткор дар Исроил, Италия, Олмон, Юнон, Голландия ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб қариб 8 сол давом кард. Хадамоти махсуси якчанд мамлакат моҳи майи соли гузашта ҳамроҳи Хадамоти федералии амнияти Русия ва Политсияи байналмилалӣ ҷинояткоронро фош карда, аъзои гурӯҳи ҷиноиро дастгир намуданд.








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






