НАШРИЯИ НАВ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Дар арафаи Соли нави таҳсил 31 август барои ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик ҳафтаномаи махсус бо номи «Студент. tj» аз чоп баромад. Муассиси нашрияи мазкур ҶММ «Чархи гардун» мебошад. Директори генералии ҶММ «Чархи гардун» Акбаралӣ Саттор ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки «Студент. tj» ҳар ҳафта як маротиба, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва теъдоди зиёд нашр мегардад. Дар ҳафтанома бештар мавзӯъҳои зиндагӣ ва таҳсили донишҷӯён, таҳсили онҳо дар хориҷи кишвар мавриди баҳс қарор дода мешавад. Барои ҳавасмандгардонии толибилмон ҳайати мушовараи нашрия ният дорад, ки дар саҳифаҳои худ озмунҳои гуногун эълон намояд. Акбаралӣ Саттор зикр кард, ки ояндаи наздик махсус барои санъаткорон низ нашрияи алоҳида ташкил карда хоҳад шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






