НОМАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ОСИФ АЛӢ ЗАРДОРӢ

Август 14, 2009 12:43

                Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрики ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:               Ҷаноби Олӣ,                Боиси сарфарозии ин ҷониб аст, то Ҷаноби Олӣ, давлат ва мардуми Покистонро ба муносибати фаро расидани ҷашни солгарди Иди истиқлоли кишвари дӯст самимона табрик ва таҳният гӯям.               Хушбахтона тайи солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Покистон густариш ва тавсеа ёфтанд, ки нишонаи возеҳи он сафари расмии Шумо ба Тоҷикистон буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори вусъати тоза пайдо кардани ҳамкориҳои мо дар тамоми заминаҳо ва рушду инкишофи ҳамешагии онҳост, ки ин раванд ба нафъи ҳарду кишвар ва мардумони он аст. Умедворам, ки ҷиҳати амалӣ шудани тавофуқоти ҳосилшуда ҳарду ҷониб аз ҳамаи имкониятҳо истифода хоҳанд бурд.                 Бо ибрози табрику таҳнияти муҷаддад ба Ҷаноби Олӣ тансиҳатии комилу бардавом ва комёбиву пирӯзиҳои нав ба нав орзумандам. Ба халқи дӯсти Покистон сулҳу субот ва рушду пешрафт таманно дорам.

Август 14, 2009 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст