ОҒОЗИ МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- аз 1-уми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи пахтачинӣ сар мешавад. Маъракаи пахтачиниро вилояти Хатлон оғоз карда, баъдан вилояти Суғд ва 5 ноҳияи тобеъи ҷумҳурӣ-Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Ваҳдат идома медиҳанд. Айни ҳол ҳамаи хоҷагиҳои минтақаҳои зикршуда вазъияти пахтазорро санҷида ҳаҷми ҳолиснокии пахтаро муайян менамоянд, гуфт мудири шӯъбаи зироатҳои техникӣ ва ғаллаи Вазорати кишоварзии ҶТ Муҳаммадӣ Ормонов. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, имсол тибқи нақша аз як гектар пахтазор бояд камаш 20 центнерӣ ҳосил гирифта шавад. Хоҷагиҳои пешқадам ният доранд, ки аз ҳар гектар то 40 сентнер ҳосил гиранд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






