ОДАМРАБОЁН ДАСТГИР ШУДАНД

Август 13, 2009 14:43

                  Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — 12 август шаҳрванди Душанбе Ҳаким Исломов ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат карда, аз кормандони милиса хоҳиш намуд, ки ба ӯ ёрӣ расонанд. Вай хабар дод, ки як рӯз пеш се нафар шахси номаълум ӯро дуздида ба мошини худаш савор карда, ба ноҳияи Ҳисор бурданд. Одамрабоён дар ин ҷо гаравгони худро азобу шиканҷа дода, як шабонарӯз нигоҳ доштанд. Онҳо аз Исломов 400 сомонӣ пулашро кашида гирифта, таҳдид намуда, талаб карданд, ки ба онҳо боз 25 ҳазор доллари ИМА диҳад.                 Дар натиҷаи амалиёти дурусти кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ ҷинояткорон дастгир шуданд. Онҳо Шавкатҷон Қодиров, Озод Қодиров ва Шаҳбоз Устоншоев мебошанд. Дар робита бо ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши ҷиноят давом дорад.

Август 13, 2009 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!