ПЕШИ РОҲИ БЕМОРИИ СӮХТАНӢ ГИРИФТА МЕШАВАД
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Хадамоти давлатии назорати байторӣ Муллоҷон Амирбеков, як гурӯҳи мутахассисони соҳа барои аниқ кардани маркази бемории сиёҳзахм — сӯхтанӣ (сибирская язва) ба деҳаи Майдапатаи деҳоти «Ватан» — и ноҳияи Фархор сафар карданд. Боиси ёдоварист, ки чанд рӯз пештар бо гумони мубталои сиёҳзахм 11 нафар сокинони деҳаи Майдапатта бистарӣ гардонида шуданд. Аз сабаби он ки ин беморӣ аз ҳайвон ба инсон мегузарад, духтурони байторӣ наздик ба 300 ҳайвони майдаро дар маҳалли беморӣ зери ташхис қарор доданд ва дар 30 сар ҳайвон ин бемориро ошкор намуданд. Солҳои охир бо сабаби нарасидани доруворӣ ва нагузаронидани эмкунии ҳайвонот ин бемории ниҳоят хавфнок дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ гоҳ — гоҳ пайдо мегардад.Деҳаи Майдапатта ҳоло зери назорати духтурон қарор дорад. Барои пешгирии пурраи ин беморӣ бояд оҷилан тамоми ҳайвоноти хурду калони ин деҳа ваксинатсия карда шуда, гӯшти ҳайвоноти фавтида нобуд карда шавад, — афзуд сардори Хадамоти назорати байторӣ доктори илмҳои ветеринарӣ М. Амирбеков.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






