ПРЕЗИДЕНТИ КОЛУМБИЯ БА БЕМОРИИ ЗУКОМИ ХУК ГИРИФТОР ШУД

Август 31, 2009 09:37

                    Богота, 31 август. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — Агентии иттилоотии Ассошиэйтед Пресс рӯзи якшанбе хабар дод, ки президенти Колумбия Алваро Урибе ба бемории зукоми хук гирифтор шуд.                    Вазъи саломатии А.Урибе рӯзи ҷумъа, вақте ки дар мулоқоти ғайринавбатии шӯрои Иттиҳоди миллатҳои Амрикои ҷанубӣ иштирок мекард, якбора бад шуд. Духтурон баъди ташхис муайян карданд, ки ӯ ба бемории А/Н1N1 гирифтор шудааст. Мақомоти дахлдори Колумбия ҳамаи иштирокчиёни мулоқотро огоҳ карданд, ки аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Аз рӯи хабарҳои расида, айни ҳол аҳволи саломатии президент хуб аст.                    Мулоқоти сарони давлатҳои Амрикои ҷанубӣ баъди имзои созишномаи Ҳукумати Колумбия бо ИМА дар бораи аз тарафи Амрико истифода шудани пойгоҳҳои низомӣ дар қаламрави ин мамлакат даъват карда шуд. Ба ақидаи сарони давлатҳои минтақа, созишномаи мазкур вазъияти мамлакатҳоро тезу тунд гардонда метавонад.                     Ғайр аз ин миёнаҳои моҳи август президенти Коста — Рика Оскар Ариас низ ба ин бемории хавфнок гирифтор шуда буд. Ба қавли духтурон, саломатии ӯ баъди табобат хуб аст.

Август 31, 2009 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад