САДАМАИ НОХУШ ДАР ВАҲДАТ
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — 18 август тақрибан соати 23 ронандаи автомашинаи тамғаи «Leganza» рақами давлатиаш ЕК 4284 01РТ Раҳматҷон Ҳомидови 46 — сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Давлатов, ноҳияи Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Ваҳдат-Ромит дар ҳудуди қишлоқи Чорбоғ ба муқобили самти ҳаракат баромада ба автомашинаи тамғаи ВАЗ-2606 рақами давлатиаш ЕВ 5343 01 РТ таҳти идораи шаҳрванди 41 — сола Раҷабалӣ Мирзоалиев, истиқоматкунандаи деҳаи Бомғура бармехӯрад. Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Leganza» ва мусофири ӯ ҷароҳати вазнин гирифта ба беморхона бистарӣ шуданд. Ронандаи ВАЗ-2606 ва ду мусофирони ӯ аз ҷароҳати сахти ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






