САДАМАИ НОХУШ ДАР ВАҲДАТ

Август 19, 2009 15:05

                       Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — 18 август тақрибан соати 23 ронандаи автомашинаи тамғаи «Leganza» рақами давлатиаш ЕК 4284 01РТ Раҳматҷон Ҳомидови 46 — сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Давлатов, ноҳияи Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Ваҳдат-Ромит дар ҳудуди қишлоқи Чорбоғ ба муқобили самти ҳаракат баромада ба автомашинаи тамғаи ВАЗ-2606 рақами давлатиаш ЕВ 5343 01 РТ таҳти идораи шаҳрванди 41 — сола Раҷабалӣ Мирзоалиев, истиқоматкунандаи деҳаи Бомғура бармехӯрад.                       Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Leganza» ва мусофири ӯ ҷароҳати вазнин гирифта ба беморхона бистарӣ шуданд.                      Ронандаи ВАЗ-2606 ва ду мусофирони ӯ аз ҷароҳати сахти ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.  

Август 19, 2009 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар