САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ НОҲИЯИ ХУРОСОН ДИДАН КАРД

Август 19, 2009 15:03

                 Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрӯз Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо мақсади натиҷагирии корҳои анҷомдодашуда ва рафти расонидани кӯмакҳо аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дидан кард.                  Бояд зикр кард, ки барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Хуросон Ҳукумати Ҷумҳурии мамлакат 61 гектар замин ҷудо кардааст, ки аллакай ба аҳолии зарардида тақсим гардидааст. Дар айни ҳол аз 136 хонаи пурра бунёдшаванда 103 манзил сохта ба соҳибонашон супорида шудааст. Дар 33 қитъаи сохтмон бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар арафаи анҷомёбист. Умуман, дар ноҳияи Хуросон барои мардуми зарардида зиёда аз 490 манзили истиқоматӣ сохта мешавад.                 Худи ҳамин рӯз дар ноҳия бо иштироки Сарвазири мамлакат ситоди корӣ доир гардид. Дар ситод рафти корҳои барқарорсозӣ мувофиқи матлаб арзёбӣ гардида вазифа гузошта шуд, ки сохтмони манзилҳои боқимонда барои зарардидагон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ба анҷом расонида шавад. Ҳамзамон рафти таъмини аҳолии зарардида бо масолеҳи сохтмонӣ бояд хуб ба роҳ монда шуда масоили таъмини маҳаллаҳои навбунёд бо қувваи барқ ва оби нушокӣ, ба ҷои бехавф кӯчонида беморхона ва дигар иншооти зарурӣ инчунин бунёди роҳҳо зери назорати доимии масъулон қарор дода шавад.

Август 19, 2009 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад