ШАҲРДОРӢ ШАҲРИЁНРО ТАРЗИ ЗИНДАГӢ МЕОМӮЗАД

Август 17, 2009 10:29

                        Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шаҳрдорӣ барои зиндагӣ дар шаҳр барои мардуми ботамаддун ва маданӣ маҷмӯи қоидаҳоро роҳандозӣ мекунад.                       Дар маҷмӯи қоидаҳое, ки шаҳрдорӣ барои сокинони шаҳр қабул кардааст, истифодаи тандур пурра манъ аст. Ҳамчунин шапонидани қолин, матрас, кӯрпа, сару либос ва дигар ашёҳо дар ҳавлии хонаҳои истиқоматӣ қатъан роҳ дода намешавад. Дар маҷмӯи қоидаҳо ҳамчунин часпонидани эълону реклом дар девори хонаҳо, истгоҳи нақлиёт, дар сутунҳои такягоҳӣ, деворҳои тахтагин ва майдончаи бозии бачагон мамнӯъ аст. Дар мачмӯи қоидаҳое, ки барои сокинони шаҳр қабул гардидааст, ҳамчунин оташ задании хазонреза, хасрӯба дар кӯча, боғ, гулгашт, майдонҳои сайру гашт, майдони ҳавлиҳои истиқоматӣ бо пуррагӣ катъ гардонида шудааст.                      Шаҳрвандоне, ки талаботи ин қоидаҳоро вайрон мекунанд, дар асоси Кодекси қоидавайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Август 17, 2009 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад