ШАҲРДОРӢ ШАҲРИЁНРО ТАРЗИ ЗИНДАГӢ МЕОМӮЗАД
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шаҳрдорӣ барои зиндагӣ дар шаҳр барои мардуми ботамаддун ва маданӣ маҷмӯи қоидаҳоро роҳандозӣ мекунад. Дар маҷмӯи қоидаҳое, ки шаҳрдорӣ барои сокинони шаҳр қабул кардааст, истифодаи тандур пурра манъ аст. Ҳамчунин шапонидани қолин, матрас, кӯрпа, сару либос ва дигар ашёҳо дар ҳавлии хонаҳои истиқоматӣ қатъан роҳ дода намешавад. Дар маҷмӯи қоидаҳо ҳамчунин часпонидани эълону реклом дар девори хонаҳо, истгоҳи нақлиёт, дар сутунҳои такягоҳӣ, деворҳои тахтагин ва майдончаи бозии бачагон мамнӯъ аст. Дар мачмӯи қоидаҳое, ки барои сокинони шаҳр қабул гардидааст, ҳамчунин оташ задании хазонреза, хасрӯба дар кӯча, боғ, гулгашт, майдонҳои сайру гашт, майдони ҳавлиҳои истиқоматӣ бо пуррагӣ катъ гардонида шудааст. Шаҳрвандоне, ки талаботи ин қоидаҳоро вайрон мекунанд, дар асоси Кодекси қоидавайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






