ТАҶЛИЛИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҲИНДУСТОН
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). — 18 август дар Сафоратхонаи Ҳиндустон дар Душанбе ба муносибати 63 — солагии Иди истиқлолияти Ҳиндустон зиёфати ботантана ороста мешавад. Ба он намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналхалқӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ ва зиёиён даъват шудаанд. Дар ҷараёни зиёфат барои ҳозирон консерти ҳиндӣ намоиш дода мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Рӯзи истиқлолият иди калонтарини миллии мардуми ҳинд ба шумор рафта, ҳар сол 15 август ҷашн гирифта мешавад. 15 августи соли 1947 сарвазири нахустини мамлакат Ҷавоҳирлаъл Неҳру дар ҳузури ҳазорон нафар одамон дар бинои Бандари сурхи Деҳлӣ Санади истиқлолияти Ҳиндустонро имзо карда буд. Ҳамон рӯз байрақи серангаи Ҳиндустони мустақил барафрошта шуд. Бояд гуфт, ки мубориза барои озодии Ҳиндустон чандин даҳсолаҳо давом дошт. Барои ба даст овардани озодӣ ва истиқлолияти мамлакат даҳҳо фарзандони қаҳрамони миллат, аз ҷумла, Ҷ.Неҳру, Ганди, Тилаку, Бхагату Сингх, Субхаш Чандра Бос ва дигарон қурбон гардиданд. Иди истиқлолияти Ҳиндустонро ҳамаи сокинони мамлакат бе назардошти фарқияти миллию динии худ ботантана ҷашн мегиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






