ТАҶЛИЛИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҲИНДУСТОН

Август 14, 2009 13:10

                   Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). — 18 август дар Сафоратхонаи Ҳиндустон дар Душанбе ба муносибати 63 — солагии Иди истиқлолияти Ҳиндустон зиёфати ботантана ороста мешавад. Ба он намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналхалқӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ ва зиёиён даъват шудаанд. Дар ҷараёни зиёфат барои ҳозирон консерти ҳиндӣ намоиш дода мешавад.                   Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Рӯзи истиқлолият иди калонтарини миллии мардуми ҳинд ба шумор рафта, ҳар сол 15 август ҷашн гирифта мешавад.                   15 августи соли 1947 сарвазири нахустини мамлакат Ҷавоҳирлаъл Неҳру дар ҳузури ҳазорон нафар одамон дар бинои Бандари сурхи Деҳлӣ Санади истиқлолияти Ҳиндустонро имзо карда буд. Ҳамон рӯз байрақи серангаи Ҳиндустони мустақил барафрошта шуд.                    Бояд гуфт, ки мубориза барои озодии Ҳиндустон чандин даҳсолаҳо давом дошт. Барои ба даст овардани озодӣ ва истиқлолияти мамлакат даҳҳо фарзандони қаҳрамони миллат, аз ҷумла, Ҷ.Неҳру, Ганди, Тилаку, Бхагату Сингх, Субхаш Чандра Бос ва дигарон қурбон гардиданд.                  Иди истиқлолияти Ҳиндустонро ҳамаи сокинони мамлакат бе назардошти фарқияти миллию динии худ ботантана ҷашн мегиранд.  

Август 14, 2009 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд