ТАҶЛИЛИ НАХУСТИНИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 19 август бори аввал дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии кӯмаки башардӯстона ҷашн гирифта шуд, ки онро Маҷмаи кулли Созмони милали муттаҳид моҳи декабри соли гузашта муқаррар карда буд. Ҳадафи ин қарор мусоидат ба додани маълумоти бештар ба аҳолӣ дар бораи фаъолияти созмонҳои хайрия дар саросари ҷаҳон, инчунин қадрдонии хизмати кормандони онҳо мебошад, ки зимни иҷрои вазифа ҳалок гардида ё осеб дидаанд. Маҷмаи кулли СММ ба ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ва муассисаҳои худ пешниҳод мекунад, ки Рӯзи ҷаҳонии кӯмаки башардӯстонаро ботантана таҷлил кунанд. Шаш сол пеш, 19 августи соли 2003 бинои намояндагии СММ дар Ироқ тарконда шуд. Бар асари ин таркиш 22 нафар, аз ҷумла, Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ ва намояндаи махсуси Муншии умумии СММ дар Ироқ Сержиу Виейра ди Меллу ҳалок гардид. Инчунин солҳои гуногун дар мамлакатҳои дигар кормандони СММ ва намояндагони созмонҳои байналхалқии хайрия ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Ҳадафҳои асосии Рӯзи ҷаҳонии кӯмаки хайрия дар соли 2009 ҷалби таваҷҷӯҳи одамон ба эҳтиёҷоти соҳаи кӯмаки башардӯстона дар саросари ҷаҳон, қадрдонии хизмати кормандони созмонҳои хайрия ва поси хотири онҳое мебошад, ки зимни иҷрои вазифа ҳалок гардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






