ТАҶЛИЛИ НАХУСТИНИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА

Август 20, 2009 10:09

                  Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 19 август бори аввал дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии кӯмаки башардӯстона ҷашн гирифта шуд, ки онро Маҷмаи кулли Созмони милали муттаҳид моҳи декабри соли гузашта муқаррар карда буд.                  Ҳадафи ин қарор мусоидат ба додани маълумоти бештар ба аҳолӣ дар бораи фаъолияти созмонҳои хайрия дар саросари ҷаҳон, инчунин қадрдонии хизмати кормандони онҳо мебошад, ки зимни иҷрои вазифа ҳалок гардида ё осеб дидаанд. Маҷмаи кулли СММ ба ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ва муассисаҳои худ пешниҳод мекунад, ки Рӯзи ҷаҳонии кӯмаки башардӯстонаро ботантана таҷлил кунанд.                 Шаш сол пеш, 19 августи соли 2003 бинои намояндагии СММ дар Ироқ тарконда шуд. Бар асари ин таркиш 22 нафар, аз ҷумла, Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ ва намояндаи махсуси Муншии умумии СММ дар Ироқ Сержиу Виейра ди Меллу ҳалок гардид. Инчунин солҳои гуногун дар мамлакатҳои дигар кормандони СММ ва намояндагони созмонҳои байналхалқии хайрия ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.                   Ҳадафҳои асосии Рӯзи ҷаҳонии кӯмаки хайрия дар соли 2009 ҷалби таваҷҷӯҳи одамон ба эҳтиёҷоти соҳаи кӯмаки башардӯстона дар саросари ҷаҳон, қадрдонии хизмати кормандони созмонҳои хайрия ва поси хотири онҳое мебошад, ки зимни иҷрои вазифа ҳалок гардидаанд.

Август 20, 2009 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид