ТАБОБАТИ ОСЕБДИДАГОНИ ТАРКИШИ МИНАҲО
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).-Имрӯз 11 август дар осоишгоҳи иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнати «Харангон» барои барқарор сохтани саломатии осебдидагони таркиши минаҳо курси анъанавии солимгардонӣ кушода шуд. Онро Маркази безараргардондани минаҳо дар Тоҷикистон ҳамроҳи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъзе созмонҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ ташкил намуданд. Курси табобатии осебдидагони таркиши минаҳо то 22 август давом мекунад. Дар ин ҷо 25 нафар табобат карда мешаванд, ки дар натиҷаи таркиши мина маҷрӯҳ шудаанд. Аз рӯи маълумоти Маркази безараргардонии минаҳо дар Тоҷикистон дар соли 2008 дар Тоҷикистон 13 воқеаи таркиш дар мина ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 4 нафар ҳалок ва 9 нафар захмдор шуданд. Тарҷумаи Зебо Иноятова








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






