ТАФТИШИ КУШТОРИ ОММАВИИ ОДАМОН ОҒОЗ ЁФТ

Август 14, 2009 14:59

                Буйнак, 14 август. (АМИТ «Ховар» — Лента. ру ). — Вобаста ба воқеаи куштори теъдоди зиёди одамон дар Доғистон парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Хабар дода мешавад, ки бегоҳии рӯзи ҷумъа дар натиҷаи тирпарронӣ ба сӯи посгоҳи милиса ва ҳаммом дар ноҳияи Буйнаки Доғистон чор корманди милиса ва 7 корманди ҳаммом кушта шуданд. Аз рӯи хабари дигар, дар натиҷаи ин амали террористӣ 11 кас ҳалок шудааст.                Амалиёти террористӣ 13 август содир карда шуд. Хабар дода мешавад, ки гурӯҳи понздаҳнафараи силоҳбадастон тақрибан соати 20 дар яке аз музофотҳои шаҳри Буйнак посгоҳи милисаро ҳадафи оташ қарор доданд. Баъди ин ба яке аз ҳаммомҳои дар қарибӣ воқеъбуда ҳуҷум оварда шуд. Силоҳбадастон баъди анҷоми амалиёт як мошини «Газел» -ро кашида гирифта, бо он ба тарафи номаълум ғайб заданд. Амалиёти ҷустуҷӯи ҷинояткорон натиҷаи дилхоҳ надод.                Вақтҳои охир дар Доғистон ба муқобили хизматчиёни ҳарбии Русия чандин амали террористӣ анҷом дода шуд. Шахсони номаълум ба қарибӣ дар ин ҷо роҳи оҳанро тарконда, кормандони мақомоти муҳофизи қонуну тартибот, аз ҷумла вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Одилгерой Муҳаммадтоҳировро ба ҳалокат расонданд. Тарҷумон — Қудратов А.   

Август 14, 2009 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад