ТАЙЁРӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНИИ ЧОРВО
Ховалинг, 18 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Таи солҳои охир ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати кишоварзии мамлакат ба соҳаи чорводорӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамояд. Роҳбари давлат дар паёми имсолааш ба чорводорон дастур дод, ки бо истифода аз шароити мусоиди обу ҳавои имсола ду баробар аз нақша зиёд хӯроки чорво захира намоянд. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои президенти кишвар деҳқонони ноҳияи Ховалинг аҳлона меҳнат намуда, саршумори чорвои калони шохдор ва чорвои майдаро сол аз сол зиёд менамоянд. Айни замон захираи хӯроки дурушт ва тарбеда бо суръат идома дорад. Бояд қайд намуд, ки дар гузаштаи начандон дур ноҳияи Ховалинг дар соҳаи чорводорӣ на танҳо дар ҳудуди кишвар, балки берун аз он машҳур гардида буд. Маҳсулоти ширию гӯштии чорводорон дар бозору мағозаҳо пешкаши харидорон карда мешуданд. Ва инак чорводорон мақсад гузоштаанд, ки шӯҳрати пешинаи бахши чорводориро баргардонида, маҳсулоти истеҳсоли худиро ба хориҷи кишвар ба савдо бароранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






