ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР ШИРКАТИ «БАРҚИ ТОҶИК»
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Бино ба гуфти сардори умури матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ, дар заминаи чорабиниҳои мушаххасе, ки дар ширкати «Барқи тоҷик» дар бобати беҳбудӣ бахшидан ба хизматрасонӣ ба аҳолӣ андешида мешавад ва тадбирҳои таҷдиди усули ҷамъоварии маблағи ҳаққи барқ ва дуруст ба роҳ мондани ҳисобу китоби нерў дар ШСХК «Барқи тоҷик» телефони боварӣ ба кор сар кард. Акнун муштариён метавонанд, дар бораи муносибати нозирони барқ ба онҳо, тарзи пардохти маблағи барқ, ҳодисаҳои сўйистеъмоли нерў ва тамоми дигар масъалаҳои ба пардохти ҳаққи барқ вобаста ба ёвари раиси ширкат бо телефонҳои 295-307 ё 295-480 занг зананд. ШСХК «Барқи тоҷик» кафолат медиҳад, ки ҳар занги телефонӣ ба қайд гирифта шуда, аз рўи он оҷилона чора андешида мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






