ТОЛИБОН ТАҲДИД МЕНАМОЯНД
Кобул, 17 август. (АМИТ «Ховар» — РБК. ру). — Гурӯҳҳои силоҳбадасти «Толибон» дар Афғонистон бори аввал рӯирост таҳдид намуданд, ки рӯзи интихоботи президенти мамлакат қитъаҳои интихобот ва овоздиҳиро метарконанд. Тавре хабар дода шуда буд, интихоботи президенти Афғонистон 20 август баргузор мегардад. Силоҳбадастони «Толибон» бори аввал дар байни аҳолии шаҳри Кандаҳор ва ноҳияҳои дигари қисмати ҷанубии Афғонистон варақаҳо паҳн намуданд. Дар варақаҳо аҳолии маҳаллӣ даъват карда мешавад, ки дар интихобот иштирок накунанд. Вазъи амният рӯзҳои охир дар арафаи интихоботи Афғонистон торафт нооромтар мегардад. 15 август дар натиҷаи таркиши як мошини муҷаҳҳаз бо маводи тарканда дар маркази шаҳри Кобул 7 нафар ҳалок ва қариб сад нафар маҷрӯҳ шуд. Ҳамон рӯз дар вилояти Ҳилманд як низомии британӣ дар натиҷаи таркиши мина ҳалок гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






