ТУННЕЛИ ШАРШАР БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Август 31, 2009 13:07

                   Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 август дар арафаи таҷлили 18 — солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими расман ба истифода додани туннели «Шаршар» ширкат варзид, ки дар километри 80 — уми роҳи мошингарди Душанбе — Ваҳдат — Данғара — Кӯлоб воқеъ аст.                    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири кабири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ва намояндагони ширкати сохтмони роҳу кӯпрукҳои ин мамлакат дар вазъияти ботантана лентаи рамзиро бурида, ба истифодаи расмии туннел ибтидо гузоштанд. Сипас Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти кори сохтмончиён шинос гардид. Тибқи пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, туннели мазкур минбаъд туннели «Озодӣ» номида мешавад.                    Сохтмони туннел моҳи октябри соли 2006 шурӯъ гардида буд, барои сохтмони он бештар аз 130 миллион сомонӣ сарф шуд. Дарозии туннел 2 ҳазору 224 метр мебошад. Ба туфайли ба истифода дода шудани туннел вақти ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе — Ваҳдат 40 дақиқа кам шуд.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар дохили туннел 5 истгоҳи эҳтиётӣ, 10 нуқтаи алоқаи таъҷилии телефонӣ сохта, рӯдаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ насб карда шудаанд. Маркази назорати компютерӣ ҳаракати нақлиётро дар дохили туннел назорат мекунад.                     Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо оғози тармиму таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе — Ваҳдат — Данғара шинос гардид. Ин роҳро низ мутахассисони чинӣ тармим мекунанд. Барои тармими роҳи мошингард аз Душанбе то ағбаи Қулма қариб 230 миллион сомонӣ сарф карда мешавад. Роҳи мазкур на танҳо барои рафту омади нақлиёт дар дохили мамлакат, балки барои ривоҷ додани муносибатҳои тиҷоратӣ бо мамлакатҳои дигар аҳамияти калон дорад.                    Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар маросими ба истифода додани туннел ҷамъомадагонро даъват намуд, ки дар давоми моҳи шарифи Рамазон ба шахсони камбизоату мӯҳтоҷ ва бемор дасти ёрӣ дароз кунанд.

Август 31, 2009 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст