ВАРЗИШГАРОНИ НАВРАС БА ВОЯ МЕРАСАНД

Август 20, 2009 09:07

                  Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мардум ноҳияи Рӯдакиро диёри паҳлавонпарвар мехонанд.                 Дар ин ноҳия 2 мактаби варзишии наврасон фаъолият доранд, ки дар онҳо 820 нафар варзишгари наврас дар 64 гурӯҳи таълимӣ аз рӯи 9 намуди варзиш, аз қабили дзю -до, кураш, футбол, волейбол, баскетбол, бокс, таеквандо ва самбо ба машқҳо фаро гирифта шудаанд.                 Дар давоми соли 2009 варзишгарони навраси ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва спартакиадаҳо иштирок варзида, соҳиби 3 медали нуқра ва дар чемпонати ҷумҳуриявӣ 3 медали тилло, 2 нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.                  Дастаи яккачини наврасони ноҳия дар мусобиқаи байналмилалии «Оғози Олимпӣ» дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи тарзи гӯштини дзю — до соҳиби 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд.                 Варзишгарони навраси ноҳия соли ҷорӣ дар чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканд аз рӯи гӯштини тарзи самбо 2 медали тилло ва 2 медали нуқра ба даст оварданд.                 Имрӯзҳо дар 9 толори тобистона варзишгарони наврас аз рӯи 9 намуди варзиш пайваста машқ мекунанд.

Август 20, 2009 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад