ВАРЗИШГАРОНИ НАВРАС БА ВОЯ МЕРАСАНД
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мардум ноҳияи Рӯдакиро диёри паҳлавонпарвар мехонанд. Дар ин ноҳия 2 мактаби варзишии наврасон фаъолият доранд, ки дар онҳо 820 нафар варзишгари наврас дар 64 гурӯҳи таълимӣ аз рӯи 9 намуди варзиш, аз қабили дзю -до, кураш, футбол, волейбол, баскетбол, бокс, таеквандо ва самбо ба машқҳо фаро гирифта шудаанд. Дар давоми соли 2009 варзишгарони навраси ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва спартакиадаҳо иштирок варзида, соҳиби 3 медали нуқра ва дар чемпонати ҷумҳуриявӣ 3 медали тилло, 2 нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дастаи яккачини наврасони ноҳия дар мусобиқаи байналмилалии «Оғози Олимпӣ» дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи тарзи гӯштини дзю — до соҳиби 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд. Варзишгарони навраси ноҳия соли ҷорӣ дар чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканд аз рӯи гӯштини тарзи самбо 2 медали тилло ва 2 медали нуқра ба даст оварданд. Имрӯзҳо дар 9 толори тобистона варзишгарони наврас аз рӯи 9 намуди варзиш пайваста машқ мекунанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






