ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ ГУСТАРИШ МЕЕБАНД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Раиси Палатаи назорати молиявии Федератсияи Русия Сергей Степашинро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби омодагӣ ба сафари давлатии пешомади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия баррасӣ шуд. Гуфтугӯйи судманд оид ба тафсилоти ҳамкории иқтисодӣ, ҳарбӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт. Таваҷҷӯҳи зиёд ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафту газ ва ба масоили вобаста ба будубоши минбаъдаи пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон зоҳир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






