ҲУКУМАТИ НАВИ МОЛДАВИЯ СИЁСАТИ НАВРО ПЕШ МЕГИРАД
Кишинёв, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар» — mail.ru). – Ҳукумати нави Молдавия бо ҳар роҳу восита кӯшиш хоҳад кард, ки қисмҳои ҳарбии посдори сулҳи Русия аз Ҷумҳурии соҳили Днестр бароварда, ба ҷои онҳо қисмҳои ҳарбии байналхалқӣ ҷой дода шаванд, гуфт намояндаи доимии Молдавия дар СММ Александр Кужба зимни суханрониаш дар маҷлиси Маҷмаи кулли СММ. Ба қавли ӯ, Кишинёв ҷонибдори тақвияти нақши ИМА ва Иттиҳоди Аврупо дар ҳалли проблемаҳои Ҷумҳурии соҳили Днестр мебошад. Бояд гуфт, ки намояндагони ИМА ва Иттиҳоди Аврупо дар ин ҷо мақоми мушоҳид доранд. Айни ҳол дар Ҷумҳурии соҳили Днестр 335 аскару афсари Русия, 490 хизматчии ҳарбии Ҷумҳурии соҳили Днестр, 453 низомии молдавӣ ва 10 нафар нозир аз Украина ҷой дода шудаанд. Намояндаи доимии Молдавия зикр кард, ки дар оянда саҳми СММ дар масъалаи пешгирӣ ва бартараф сохтани муноқишаҳои имконпазир ва эҳтироми ҳуқуқи инсон дар минтақаҳои ҷудоихоҳ пурзӯр карда хоҳад шуд. Вай таъкид кард, ки мамлакаташ ҷонибдори амалӣ сохтани принсипи бо роҳҳои осоишта бартараф сохтани муноқишаҳо мебошад. Хабар дода мешавад, ки ҳукумати нави Молдавия таҳти роҳбарии Владимир Филат 25 сентябр ташкил карда шуд. Айни ҳол Ҳизби либералию демократӣ дар парлумон 53 ҷой ва коммунистон 48 ҷойро ишғол менамоянд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






