ҶОИЗА БА МУХБИРИ АМИТ «ХОВАР»

Сентябрь 5, 2009 11:34

                Душанбе, 5сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова ). – 4 сентябр дар шаҳри Қӯрғонтеппа натиҷаҳои озмуни вилоятии журналистон ҷамъбаст карда шуд. Муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Мавлуда Ашӯрова ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки озмуни мазкур аввали соли равон эълон шуда буд.                 Ҳадафи он ташвиқу тарғиби фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи вилоят ва ба роҳ мондани ҳамкории онҳо бо воситаҳои ахбори оммавӣ буд.               Аз рӯи натиҷаҳои озмун ҷои аввал ва мукофоти пулӣ ба маблағи 500 сомонӣ ба мухбири ҳафтаномаи вилоятии «Хатлон» Саттор Қарахонов муносиб дониста шуд.               Ҷои дуввум ва мукофоти пулӣ ба маблағи 300 сомонӣ насиби мухбири Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дар вилояти Хатлон Мурод Сотиев гардид.

Сентябрь 5, 2009 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад