608 ҲАЗОР ТОННА ГАНДУМИ ВАТАНӢ

Сентябрь 2, 2009 10:24

               Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 253,8 ҳазор гектар гандум кишт карда шуда буд, ки ҳосили фаровон ба бор овард. Ҳоло дар як қисми ноҳияҳои кӯҳистони кишвар ҷамъоварии гандум давом дорад.              То 31 –уми августи соли ҷорӣ 231,3 ҳазор гектар замини гандум даравида шудааст, ки 91,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. То 1-уми сентябр ҳосили майдони 221, 3 ҳазор гектари он кӯфта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2008 — 47 ҳазор гектар зиёд аст.             Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, ҳосили умумии гандуми ҷамъоваришуда ба 608 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 285,5 ҳазор тонна зиёд аст. Ин муваффақият натиҷаи баланд бардоштани ҳосилнокии гандум аз ҳар гектар аст, ки он аз 18,4 сентнерӣ, ки дар соли 2008 гирифта шуда буд, ба 27,5 сентнерӣ дар соли ҷорӣ расонида шудааст. 

Сентябрь 2, 2009 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад