ДӮЗДОН ДАСТГИР ШУДАНД
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Шабонарӯзи гузашта дар миқёси ҷумҳурӣ ду ҳодисаи дуздӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуотии ВКД ҶТ хабар доданд. Сокини 37-солаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Дилором Раҳматова ба ШКД-и ноҳия шикоят карда, хабар дод, ки шахси номаълум рӯзона, дар яке аз кӯчаҳо телефони мобилӣ ва ҳамёни ӯро дуздидааст. Арзиши телефон 450 сомонӣ буд ва ҳамёни гумшуда 160 сомонӣ дошт. Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ кормандони ШКД-и ноҳияи мазкур Юрий Рогови 33-соларо дастгир намуданд, ки қаблан суд шуда, дар пойтахт қайди зист надошт. Дар вақти ҷустуҷӯ аз ӯ телефон ва ҳамёни Д. Раҳматова ёфт шуд. Аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот давом дорад. Ҳамон рӯз дар шаҳри Хуҷанд дар меҳмонхонаи «Эҳсон» Саври Мақсудоваи 26 сола шабона ба ҳуҷраи хоби мусофири 26-сола Сафаралӣ Ҳакимов даромада 600 долларро дуздидааст. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ кормандони милиса дуздро дастгир карданд. Акнун дафтари аъмоли духтари дузд тафтиш карда мешавад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






