ФИТРИ РӮЗАИ ПРЕЗИДЕНТ

Сентябрь 17, 2009 14:20

                 Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибрат нишон дода, бо аҳли хонавода ва фарзандонашон ба 360 оилаи камбизоати шаҳри Душанбе чун фитри рӯзаи худ 8 — донагӣ лампаҳои каммасраф тақдим намуданд.                   Хотиррасон бояд кард, ки мутобиқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми ходимони давлатии сатҳи ҷумҳуриявию маҳаллӣ мувофиқи имкониятҳои худ фитри рӯзаро на бо пардохти пул, балки бо хариди лампаҳои каммасраф ва додан ба оилаҳои камбизоат бояд ба ҷо биёранд.                   Ин иқдом, пеш аз ҳама ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ва дастгирии оилаҳои камбизоат равона гаштааст.                 Ёдовар мешавем, ки мутобиқи фармони мазкур ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф дар тамоми қаламрави кишвар бояд то 1- уми октябри соли равон ба поён расад.                 Ҳадаф аз тадбирҳои сарфаҷӯӣ беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар фасли зимистон аст.                 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 17, 2009 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад