ХОНАИ КИТОБ СӮХТ
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 9 сентябр соати тақрибан 3:00 шаб дар ноҳияи Муминобод дар мағозаи «Олами китоб», ки ба соҳибкор Қурбон Ғафурови 53 сола тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (ХДО) ВКД ҶТ иттилоъ доданд, алангаи оташ, инчунин ба мағозаи хӯроквории соҳибкор Ҳамрохон Ҳасанов ва нуқтаи гуфтугӯии «Вавилон» паҳн гардид. Дар натиҷа оташ масоҳати 250 метри квадратиро ба коми худ кашид. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ зарари тахминӣ 200 ҳазор сомониро ташкил дода, молу амволи аз сӯхтор наҷот дода 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сӯхтор аз тарафи шӯъбаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи мазкур ва 25 нафар ихтиёрӣ пурра хомӯш карда шуд. Айни замон аз тарафи ХДО ва дигар мақомоти дахлдор дар ҷои ҳодиса тафтишот идома дорад. Сабабҳои сӯхтор муайян карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






