ИППОДРОМРО КИ ОТАШ ЗАД?

Сентябрь 14, 2009 15:50

                 Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (СРХДО) ВКД ҶТ иттилоъ доданд, ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 27 ҳодисаи сўхтор ба қайд гирифта шуд. Тибқи маълумоти сарраёсати мазкур хисороти молии умумӣ 214 555 сомонӣ мебошад. Масоҳати умумии сўхторҳо 665 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – оташбозии кўдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ ва ғайраҳо мебошанд.                  Чунин ҳодисаи сӯхтор дар ноҳияи Рудакӣ рух дод. Дар натиҷаи расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ манзили истиқоматии шаҳрванд Қурбоной Бобомуродоваи 51 сола, воқеъ дар деҳаи Сомонӣ, ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рўдакӣ, оташ гирифт. Шифт ва молу ашёҳои хонаро дар масоҳати 35 метри мураббаъ оташ фаро гирифт. Ҳангоми ба ҷои ҳодиса расидани оташнишонони қисми махсуси минтақавии зудамали СРХДО ва 1 шўъбаи пойгоҳи низомии Федератсияи Россия дар якҷоягӣ сўхторро дар 10 дақиқа ба пуррагӣ хомўш намуданд. Гунаҳгори ҳодиса соҳибхоназан буда, зарар муайян карда мешавад.                 Инчунин дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди Ипподром, ки ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, алафҳои худрўй сўхта, алангаи оташ ба болопуши бинои анбори ҶДММ «АСЛ» паҳн гардидааст. Бояд қайд намуд, ки анбори мазкур ба шаҳрванд Рустам Бобоҳоҷиеви 52 сола марбут аст.                  Ба ҷои ҳодиса 4 адад автомашинаҳои сўхторхомўшкунӣ аз ноҳияҳои Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва И. Сомонии пойтахт фиристода шуданд. Ҳангоми ба ҷои ҳодиса расидани оташнишонон анбор дар масоҳати 5 метри мураббаъ ва алафҳои хушки ҳудуди Ипподром дар масоҳати 15 метри мураббаъ месўхтанд.                  Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврии тактикӣ-оташнишонӣ сўхтор дар 30 дақиқа ба пуррагӣ хомўш карда шуд. Зарари сӯхтор 250 сомониро ташкил намуд. Сабаб ва гунаҳгор муайян карда мешавад.

Сентябрь 14, 2009 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад