ИППОДРОМРО КИ ОТАШ ЗАД?
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (СРХДО) ВКД ҶТ иттилоъ доданд, ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 27 ҳодисаи сўхтор ба қайд гирифта шуд. Тибқи маълумоти сарраёсати мазкур хисороти молии умумӣ 214 555 сомонӣ мебошад. Масоҳати умумии сўхторҳо 665 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – оташбозии кўдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ ва ғайраҳо мебошанд. Чунин ҳодисаи сӯхтор дар ноҳияи Рудакӣ рух дод. Дар натиҷаи расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ манзили истиқоматии шаҳрванд Қурбоной Бобомуродоваи 51 сола, воқеъ дар деҳаи Сомонӣ, ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рўдакӣ, оташ гирифт. Шифт ва молу ашёҳои хонаро дар масоҳати 35 метри мураббаъ оташ фаро гирифт. Ҳангоми ба ҷои ҳодиса расидани оташнишонони қисми махсуси минтақавии зудамали СРХДО ва 1 шўъбаи пойгоҳи низомии Федератсияи Россия дар якҷоягӣ сўхторро дар 10 дақиқа ба пуррагӣ хомўш намуданд. Гунаҳгори ҳодиса соҳибхоназан буда, зарар муайян карда мешавад. Инчунин дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди Ипподром, ки ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, алафҳои худрўй сўхта, алангаи оташ ба болопуши бинои анбори ҶДММ «АСЛ» паҳн гардидааст. Бояд қайд намуд, ки анбори мазкур ба шаҳрванд Рустам Бобоҳоҷиеви 52 сола марбут аст. Ба ҷои ҳодиса 4 адад автомашинаҳои сўхторхомўшкунӣ аз ноҳияҳои Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва И. Сомонии пойтахт фиристода шуданд. Ҳангоми ба ҷои ҳодиса расидани оташнишонон анбор дар масоҳати 5 метри мураббаъ ва алафҳои хушки ҳудуди Ипподром дар масоҳати 15 метри мураббаъ месўхтанд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврии тактикӣ-оташнишонӣ сўхтор дар 30 дақиқа ба пуррагӣ хомўш карда шуд. Зарари сӯхтор 250 сомониро ташкил намуд. Сабаб ва гунаҳгор муайян карда мешавад.








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






