К. БРОНКА: «ЭЪТИМОДИ МАРДУМ БА БОНКҲО МЕАФЗОЯД»
Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи тақвияти ҳамкориҳои парлумони Тоҷикистон бо Бонки умумиҷаҳонӣ, раванди амалишавии лоиҳа ва тарҳҳои ин бонки бонуфуз дар Тоҷикистон зимни мулоқоти муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сафар Сафаров бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ таҳти раёсати Кояра Бронка 14 сентябр дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Сафар Сафаров роҷеъ ба саҳми парлумони ҷумҳурӣ дар беҳтар шудани фаъолият ва низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда гуфт, ки вакилони палатаи касбии парлумони Тоҷикистон тавонистанд бо қабули якчанд қонун дар бахши ислоҳоти соҳаи бонкӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ дар мамлакат нақши муҳим дошта бошанд. Муовини аввали раиси палатаи касбии парлумони кишвар аз раванди ҳамкориҳои Бонки умумиҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ризоият карда, хостори тақвияти ҳарчӣ бештари ин равобит шуд. Намояндаи Бонки умумиҷаҳонӣ Кояра Бронка аз амалишавии ислоҳоти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина ба даст овардани эътимоди мардум нисбат ба бонкҳои мамлакат изҳори хушнудӣ намуда, гуфт, ки боварии ҳар чӣ бештари мардум ба бонкҳо аз омилҳои асосии беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо ва ғанӣ гардидани захираи бонкӣ мебошад. Мусоҳибон ҳамчунин, дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи молиявӣ — солҳои 2010-2013 табодули назар карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






