КАНАЛУ СЕЛПАРТОҲОИ ПОЙТАХТ ТОЗА ВА ТАЪМИР МЕШАВАНД

Сентябрь 14, 2009 15:36

                 Душанбе, 14 (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Каналу селпартоҳои маҳаллаҳои «Шоҳмансур» (аз кӯчаи Айнӣ то беморхонаи касалиҳои пӯст), «Ҳазора» (аз кӯчаи М. Турсунзода то даромад ба фурудгоҳи ҳавоӣ), «Олучабоф», «Коргар», «Говкуш», «Зарафшон», «Каленин», «Будёний», «Карамов», «Аэропорт»ва «Шӯраксой»-и пойтахт тозаю таъмир карда мешаванд. Бо ин мақсад шаҳрдории Душанбе маблағҳои буҷавиро дар ин самт ихтисос медиҳад.                 Аз Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо ин мақсад Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҷонибдории протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарори махсус ба тасвиб расонд. Дар асоси ин қарор Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе муваззаф гардид, ки ҳамчун фармоишгари иншоот бо риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузарониданидани тендер ҷиҳати интихоби пудратчиёни қобилиятнок омода намуда, ба комиссияи тендерӣ пешниҳод созад.

Сентябрь 14, 2009 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад