КАНАЛУ СЕЛПАРТОҲОИ ПОЙТАХТ ТОЗА ВА ТАЪМИР МЕШАВАНД
Душанбе, 14 (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Каналу селпартоҳои маҳаллаҳои «Шоҳмансур» (аз кӯчаи Айнӣ то беморхонаи касалиҳои пӯст), «Ҳазора» (аз кӯчаи М. Турсунзода то даромад ба фурудгоҳи ҳавоӣ), «Олучабоф», «Коргар», «Говкуш», «Зарафшон», «Каленин», «Будёний», «Карамов», «Аэропорт»ва «Шӯраксой»-и пойтахт тозаю таъмир карда мешаванд. Бо ин мақсад шаҳрдории Душанбе маблағҳои буҷавиро дар ин самт ихтисос медиҳад. Аз Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо ин мақсад Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҷонибдории протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарори махсус ба тасвиб расонд. Дар асоси ин қарор Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе муваззаф гардид, ки ҳамчун фармоишгари иншоот бо риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузарониданидани тендер ҷиҳати интихоби пудратчиёни қобилиятнок омода намуда, ба комиссияи тендерӣ пешниҳод созад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






