КОРГОҲҲОИ НАВИ САНОАТӢ
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар 8 моҳи соли ҷорӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ дар ҳамбастагӣ бо Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ва идораи «Тоҷикматлубот» як қатор иншооти саноатӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Роштқалъа сехҳои коркарди санг ва сехи дӯзандагӣ, дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа сехҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дар ноҳияи Дарвоз сехи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва дар ноҳияи Ванҷ сехи дӯзандагӣ ба кор даромад. Бо мақсади зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, хатҳои нави технологӣ, дар корхонаҳо сохта мешаванд. Ҳоло дар тамоми мағозаю дӯконҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти обҳои минералию газноки «Дарвоз» -ро мардум бо иштиёқи баланд харидорӣ менамоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






