МАРКАЗИ ГАРМИДИҲӢ БА МАВСИМИ ЗИМИСТОН ОМОДА МЕГАРДАД
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директории маркази гармидиҳии Душанбе Умаралӣ Ниёзов, муассисаи мазкур барои таъмини аҳоли шаҳр бо гармӣ дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистони соли 2009 – 2010 омода мегардад. Ҳоло дар ҳамаи 5 -6 деги гармидиҳӣ корҳо дар ду баст давом доранд ва то 1 –уми октябр ҳамаи деггенераторҳо таъмиру тармим карда мешаванд. Тибқи ҷадвали корӣ, ҳанӯз соли гузашта 2 км магистрали гармидиҳиро барои аз таъмир баровардан ба нақша гирифта шуд, дар асл бошад соли ҷорӣ 2,7 км магистрали гармидиҳӣ таъмиру азнавсозӣ карда шуд. Танҳо дар назди Қасри миллат 700 метр лӯлаҳои гармидиҳӣ нав карда шуд. -Бо дастгирии молиявии Ширкати «Барқи Тоҷик» ва ҳукумати шаҳри Душанбе сохтмони деги нави агрегати барқу гармидиҳӣ, ки тавассути технологияи нав ва бо қувваи ангишту об нерӯи барқ ва гармӣ медиҳад оғоз шуд ва корҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд ва ин имкон медиҳад, ки қисми зиёди сокинони шаҳр бо гармӣ ва барқ таъмин шаванд, -иброз дошт директории маркази гармидиҳии шаҳр Умаралӣ Ниёзов.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






