МАРКАЗИ ГАРМИДИҲӢ БА МАВСИМИ ЗИМИСТОН ОМОДА МЕГАРДАД

Сентябрь 23, 2009 08:56

                 Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директории маркази гармидиҳии Душанбе Умаралӣ Ниёзов, муассисаи мазкур барои таъмини аҳоли шаҳр бо гармӣ дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистони соли 2009 – 2010 омода мегардад. Ҳоло дар ҳамаи 5 -6 деги гармидиҳӣ корҳо дар ду баст давом доранд ва то 1 –уми октябр ҳамаи деггенераторҳо таъмиру тармим карда мешаванд.                 Тибқи ҷадвали корӣ, ҳанӯз соли гузашта 2 км магистрали гармидиҳиро барои аз таъмир баровардан ба нақша гирифта шуд, дар асл бошад соли ҷорӣ 2,7 км магистрали гармидиҳӣ таъмиру азнавсозӣ карда шуд. Танҳо дар назди Қасри миллат 700 метр лӯлаҳои гармидиҳӣ нав карда шуд.                 -Бо дастгирии молиявии Ширкати «Барқи Тоҷик» ва ҳукумати шаҳри Душанбе сохтмони деги нави агрегати барқу гармидиҳӣ, ки тавассути технологияи нав ва бо қувваи ангишту об нерӯи барқ ва гармӣ медиҳад оғоз шуд ва корҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд ва ин имкон медиҳад, ки қисми зиёди сокинони шаҳр бо гармӣ ва барқ таъмин шаванд, -иброз дошт директории маркази гармидиҳии шаҳр Умаралӣ Ниёзов.

Сентябрь 23, 2009 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид