МАРКАЗИ НАВИ ТИББӢ
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими кушода шудани бемористони Абуалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин маркази хусусии тиббӣ, тавассути сармояи соҳибкорони Тоҷикистону Эрон бунёд ёфтааст. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, ин беморхона аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Дили солим" бунёд ёфта, барои бунёди он 35 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Он дар бинои 9-ошёна ҷойгир буда, дар 7-қабати он 105 кат ҷойгир шуда, муосиртарин шароитҳои муолиҷаву ташхис дар он насб гардидааст. Бемористон дорои шӯъбаҳои ҷарроҳии дил, гурда, озмоишгоҳи муҷҷаҳаз бо дастгоҳу васоили пешрафтаи ҷаҳонӣ, дармонгоҳ бо дастгоҳҳои навтарини ангиографӣ ва сангшикан мебошад. Лозим ба таъкиди хос аст, ки бемористони Абӯали ибни Сино дар Осиёӣ Марказӣ монанд надошта, барои фаъолият дар он ҷарроҳони машҳур аз давлатҳои Эрон ва Олмон ҷалб гардиданд, ки онҳо ҳама гуна ҷарроҳии вобаста ба дилро метавонанд дар мамлакат анҷом диҳанд. Ин амр бешубҳа имкон медиҳад, ки шаҳрвандони гирифтори бемориҳои дил бо масрафоти миёншикан барои ташхису табобат ба хориҷи кишвар нарафта дар ватани худ ба таври матлуб ва замонавӣ дармон шаванд. Ҳамзамон ин марказ ташхису табобати ниёзмандонро аз давлатҳои ҳамсоя дар назар дорад. Ба андешаи таҳлилгарон бо мавриди истифода қарор гирифтани бемористони Абӯалӣ ибни Сино заминаҳои рушди тибби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад. Муассисони ин маркази тиббӣ мегӯянд, ки нархи дармон дар бемористон қобили рақобат буда, илова ба он барои шаҳрвандони Тоҷикистон то 30 дар сад арзиши табобат арзонтар ба нақша гирифта шудааст. Бояд гуфт, ки дар ин муассиса бештар аз 250 нафар мутахассисон фаъолият хоҳанд намуд, ки 70-фоизи онро мутахассисони маҳаллӣ ташкил хоҳад дод. Тавре дар баромади худ Президенти мамлакат қайд намуд, Маркази тиббии имрӯза, ки мо онро дар арафаи 18-солагии яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи миллатамон, яъне истиқлолияти давлатӣ ба истифода супоридем, дар соҳаи тандурустӣ яке аз аввалин муассисаҳои тиббӣ мебошад, ки бо маблағгузории сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи хизмат гардид. Дар давоми 18 соли истиқлолият бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ зиёда аз 750 муассисаи нави тандурустӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоту технологияи муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудааст. Фароҳам овардани шароити мусоид, ворид намудани шаклҳои нави ташхис имконият дод, ки имрӯз табобати қисми зиёди беморону корафтодагон дар дохили кишвар анҷом дода шавад. Дар марказ аз ҷониби мутахассисони варзидаи хориҷӣ, аз ҷумла табибони эронӣ ва олмонӣ ҳамаи намудҳои ҷарроҳии дил, гурда ва амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз усули ҷарроҳии эндоскопӣ анҷом дода мешавад. Марказ бо навтарин дастгоҳҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли Олмон, Амрико ва Эрон муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва дар он табибони Тоҷикистон, Олмон ва Эрон ба муолиҷаи беморон машғул хоҳанд шуд.








Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






